• Кормандон   
  • Донишҷуён   
  • Таҳсилоти фосилавӣ   
  • Хатмкунандагон   
  • tj
  • ru
  • en
logo
  • Донишкада
    • Дар бораи донишкада
      • Маълумоти асосӣ
      • Стратегияи рушд
    • Шурои олимон
    • Роҳбарият
    • Сохтори донишкада
    • Ҳадафҳои рушди устувор
      • Ҳадафҳои стратегии Ҷумҳурии Тоҷикистон
      • Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф (2020-2040)
      • Илм-фурӯғи маърифат
      • Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст
      • «Тоҷикон» - оинаи таърихи миллат
      • Тоҷикистон-Ватани азизи ман
    • Санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ
    • Хабарҳо
    • Тамос
  • ТАЪЛИМ
    • Шурои таълимӣ – методӣ
    • Бакалавриат
    • Магистратура
    • Докторантураи PhD
    • Таҳсилоти дуюми олии касбӣ
    • Тартиби сиклии таълим
    • Тақвими академӣ
    • Таҷрибаомӯзии донишҷӯён
    • Курсҳои кӯтоҳмуддати таълимӣ
    • Курсҳои тайёрӣ барои довталабон
  • сахифа
    • зерменю
      • зерзерменю
  • ИЛМ ВА ИННОВАТСИЯ
    • Шурои илмӣ - техникӣ
    • Озмоишгоҳҳо ва марказҳои илмӣ
    • Китобхонаи илмӣ – техникӣ
    • Тадқиқотҳои илмӣ
    • Паёми ДПДТТХ
    • Парки технологӣ
    • Конференсия, семинар ва олимпиадаҳо
    • Маҳфилҳои илмӣ
  • Фаъолияти тарбиявӣ
    • Шуъбаи кор бо ҷавонон
    • Варзиш
    • Маҳфили дӯстдорони санъат
    • Робита бо ҷомеа
    • Нашрияи “Меҳвари дониш”
    • Шуроҳои ҷамъиятӣ
      • Шурои собиқадорони донишкада
      • Шурои занон ва духтарон
      • Шурои кураторон
  • Муносибатҳои байналмилалӣ
    • Довталабони хориҷӣ
    • Рушди ҳамкориҳо
    • Лоиҳа ва грантҳо
    • Барномаҳои таҳсилоти байналмилалӣ
  • Довталаб – 2026
    • Қоидаҳои қабул
    • Нақшаи қабул
    • Нархномаи таҳсил
    • Номгӯи ҳуҷҷатҳо барои довталабон
    • Комиссияи қабул

  • Асосӣ
  •     /  
  • Ахбор
  •     /
  •    МУЛОҚОТ: МАКТАБИ МОДАРОНИ ОЯНДА
 МУЛОҚОТ: МАКТАБИ МОДАРОНИ ОЯНДА
МУЛОҚОТ: МАКТАБИ МОДАРОНИ ОЯНДА

Бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 то 10-уми апрели соли равон дар саросари кишвар чорабинии мутамарказонидашудаи аксияи ҷумҳуриявӣ «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон” ва “Рӯзи умумиҷаҳонии саломатӣ» таҳти унвони «Якҷоя ба сӯи саломатӣ. Якҷоя ба суи илм» рафта истодааст.
Дар доираи чорабинии мазкур дар толори Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим, бардошт аз мактаби рӯзгордории модарон, баланд бардоштани фарҳанги оиладории ҷавондухтарон дар бо иштироки муовини сартабиби беморхонаи клиникии №1 шаҳри Хуҷанд, номзади илмҳои тиб, Саодат Аминҷонова, устоди кафедраи забони давлатӣ ва ҷомеашиносӣ, аъзои шӯрои занони МИҲД-и шаҳри Хуҷанд Хайринисо Темирова дар мавзӯи “Мактаби модарони оянда” мулоқоти судманд доир гардид.
Муовини директор оид ба тарбияи донишкада Назира Инъомзода ҳозиринро бо мазмуну муҳтавои мулоқот шинос намуда, аз ҷумла қайд кард, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Зан-модар ҳамчун чашмаи хушкнашавандаи ҳаёт эҳтиром дошта, таъкид медоранд: “Мо бо такя ба нексириштӣ ва азму талошҳои созандаи занон, ки воқеан илҳом ва тавонбахши ҷомеа мебошанд, Тоҷикистони азизи худро ба як давлати ободу зебо, пешрафтаву мутамаддин ва демокративу дунявӣ табдил хоҳем дод».
Ба ин маънӣ имрӯз зани тоҷик на танҳо модари мушфиқу меҳрубон ва ғамхори ҳамешагии оила аст, балки пеш аз ҳама шахсият ва узви комилҳуқуқи ҷомеа, роҳбари кордон, ҷамоатчии фаъол ва фарди созандаи бунёдгари давлати соҳибистиқлол, ҳуқуқбунёд ва демократии мост.
Номзади илмҳои тиб Саодат Аминҷонова зимни баромади худ зикр кард, ки дар вилояти Суғд зиёда аз 1,46 млн занон ва духтарон зиндагӣ мекунанд, ки қисми муҳими аҳолиро ташкил медиҳанд. Занҳо дар тамоми соҳаҳо фаъоланд, вале ба масъалаҳои саломатии репродуктивӣ ва модару кӯдак аҳамияти аввалиндараҷа бояд дод.
Тибқи маълумоти барномаҳои тандурустӣ мушкилоти асосӣ байни занҳо ин: хавфи фавти модар ва кӯдак, ҳомиладориҳои бо авориз, норасоии назорати саривақтии занони ҳомила, кам будани дониши тиббӣ оид ба аломатҳои хатари ҳомиладорӣ, ғизои носолим ва нодуруст банақшагирии фарзанддоршавӣ дар оила, байни занҳо зиёд гардидани бемории камхунӣ, бемориҳои эндокринӣ ва бемориҳои сироятӣ ва ғайрисироятӣ мебошад.
Хайринисо Темирова зимни баромади худ ба духтарон оид ба фарҳанги оиладорӣ, лаҳзаҳо аз рӯзгордории модарон, маърифати либоспӯшӣ ва баланд бардоштани руҳияи ватандӯстиву худшиносӣ сухан ронда, қайд кард, ки дар донишкада ҷиҳати гиромидошти арзишҳои фарҳангӣ, тарбияи эҳтиром ба либоси миллӣ, ҳисси зебопарастӣ, бедор намудани завқи баланди донишҷӯён ба маданияти либоспӯшӣ миллӣ имконияти васеъ фароҳам оварда шудааст.
Мулоқот бо мубодилаи афкор анҷом пазируфт.

Шуъбаи иттилоот ва кор бо ВАО


: 8

Категории

  • Ахбор
  • Ҳодисаҳо

Хабарҳои охирин


  • 10.04.2026
МУЛОҚОТИ ЗУФАР ИСМОИЛЗОДА БО УСТОДОНИ ДОНИШКАДА
МУЛОҚОТИ ЗУФАР ИСМОИЛЗОДА БО УСТОДОНИ ДОНИШКАДА
  • 10.04.2026
МУЛОҚОТ: МАКТАБИ МОДАРОНИ ОЯНДА
МУЛОҚОТ: МАКТАБИ МОДАРОНИ ОЯНДА

Хабарҳои машҳур


  • 03.01.2025
Низомномаи Озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат»
Новости
  • 21.01.2025
ЭЪЛОН: ДОВТАЛАБ – 2025!
ЭЪЛОН: ДОВТАЛАБ – 2025!

Суроға

Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С.Осимӣ дар шаҳри Хуҷанд

Тамос

Ҷумҳурии Тоҷикистон, 735700 ш. Хуҷанд, хиёбони Исмоили Сомонӣ, 226

+992 (3422) 6-04-54
info@polytech.tj

Дар бораи мо

  • Донишкада
  • ТАЪЛИМ
  • ХАБАРҲОИ ОХИРИН
  • РУЙДОДҲО ВА ЧОРАБИНИҲО
  • Сайри маҷозӣ

Маълумотҳои муфид

  • Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • Вазорати маориф ва илми Ҷумхурии Тоҷикистон
  • Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илми назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
  • АМИТ «Ховар»

© Copyright 2026 | Все права защищены